Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки паҳлавонони тоҷик дар "Тоскулоҳи бузург"-и Улан-Батор


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии сайри ҷаҳонии ҷудо “Ulaаnbaatar Grand Slam 2025”, ки аз 25-ум то 27-уми июл дар пойтахти Муғулистон – шаҳри Улан-Батор – доир мегардад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои иштирок дар “Тоскулоҳи бузург”-и Улан-Батор то ҳоло 236 варзишгар (142 мард ва 94 зан) аз 28 кишвари 4 қораи оламномнавис шудаанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 12 варзишгар (10 мард ва 2 зан) дохиланд, ки дар шаш вазн байни мардон ва дар 2 вазн миёни занон рақобат хоҳанд кард.

Дар сабқати мардон Меҳрзод Суфиев (дар вазни 60 кило), Муллораҷаб Халифаев ва Ёсин Бобокалонов (ҳарду дар вазни 66 кило), Муҳиддин Асадуллоев ва Масъуди Аҳмадзод (ҳарду дар вазни 73 кило), Умедҷон Раҷабов ва Мизробшо Лоиқов (ҳарду дар вазни 90 кило), Муҳсин Малаев ва Кароматулло Ҳакимов (ҳарду дар вазни 100 кило), Мансур Раҳмон дар вазни беш аз 100 кило ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Дар сабқати занон Тоҷикистонро Александра Кан дар вазни 57 кило ва Виктория Киселёва дар вазни беш аз 78 кило намояндагӣ мекунанд.

Барномаи “Ulaаnbaatar Grand Slam 2025”:

25-уми июл (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.

26-уми июл (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.

27-уми июл (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқот 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро (4000 евро - варзишгар, 1000 евро - мураббӣ), барандагони медали нуқра бо 3000 евро (2400 евро - варзишгар, 600 евро - мураббӣ) ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро (1200 евро - варзишгар, 300 евро - мураббӣ) сарфароз мегарданд.

Варзишгарон дар ин мусобиқоти байналмилалӣ ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, инчунин соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо мегарданд. Барои ҷойи аввал 1000 имтиёз, ҷойи дуюм - 700, ҷойи сеюм - 500, ҷойи панҷум – 360 ва ҷойи ҳафтум – 260 имтиёз дода мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG